ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ба ҷойи аккумуляторҳои ишқордори шакли куҳна литий-ионӣ, аккумуляторҳои нисбатан боэътимод дар истифодабарӣ мавриди корбарӣ қарор мегиранд. Ин имкон медиҳад, ки дар сурати қатъ гардидани шабакаҳои барқии берунӣ пойгоҳҳои базавӣ тӯлонитар кор кунанд.
Яке аз афзалиятҳои БАК-ҳои литий-ионӣ – муҳлати нисбатан тӯлонитари фаъолият, андозаи хурдтар ба ҳисоб меравад. Дар майдони як пойгоҳи базавӣ метавон аккумуляторҳои бисёртарро насб кард, ки ин давомнокии фаъолияти мустақили таҷҳизоти алоқаро зиёд мекунад.
Илова бар ин, БАК-ҳои нав дорои диапазони калонтари ҳарорати корӣ мебошанд ва ин маънои онро дорад, ки онҳо ҳангоми тағйироти назарраси мавсимӣ, ки хоси иқлими Тоҷикистон аст, камтар вайрон мешаванд.
“Аллакай ҳамин сол мо нақша дорем, ки дар зиёда аз 170 майдони пойгоҳҳои базавӣ дар манотиқи гуногуни кишвар аккумуляторҳоро иваз кунем. Мо интизорем, ки БАК-ҳои нав эътимоднокии шабакаро ба таври назаррас афзоиш дода, имкон медиҳанд, ки муштариён ҳатто ҳангоми қатъкуниҳои тӯлонии нерӯи барқ бо алоқа таъмин карда шаванд”, - мегӯяд Рафил Аглямов, директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.
Дар навбати аввал, БАК дар маконҳо бо сарбории зиёди шабака иваз карда мешаванд. Дар соли 2024 қисми зиёди батареяҳои аккумулятории литий-ионӣ дар Душанбе насб карда мешаванд – қариб 230 БАК дар зиёда аз 110 майдони пойгоҳҳои базавӣ (ПБ).
Дар НТМ системаҳои таъмини мустақили барқ дар 30 ПБ навсозӣ карда шуда, наздики 30 пойгоҳи базавии дигар дар Суғду Хатлон соҳиби аккумуляторҳои шакли нав мегарданд.
Дар оянда тамоми ПБ оператор ба БАК-ҳои эътимодноктару устувортар ба тағйирёбии ҳарорат гузаронида хоҳанд шуд.