Кай метавон либосу лавозимоти мактабии дастрас харид: посухи мақомот

Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки сар аз 1 август дар Душанбе намоиш- фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 1 то 31 августи соли равон дар пойтахт намоиш- фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ баргузор мегардад.
Дар ин бора шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, намоишгоҳ ҳамарӯза дар чор ноҳияи пойтахт, аз соати 9:00 то 19:00 баргузор гардида, то оғози соли нави хониш фаъолият менамоянд.
“Дар намоишгоҳи доимӣ корхонаҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ ба меҳмонон ва мизоҷон дар баробари либос, инчунин пойафзол, ҷӯроб, лавозимоти мактабӣ ва дигар ашёи зарурӣ пешниҳод менамоянд”, - қайд кардааст манбаъ.
Зикр карда шудааст, ки ҳадаф аз баргузории намоиш-фурӯш таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо сарулибоси ягонаи мактабӣ мебошад.
Вазорати маориф далели "маҷбуркунӣ"-и хатмкунандаҳо барои ҳуҷҷатсупорӣ ба ММТ -ро шарҳ дод
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2007 дар мактабҳои Тоҷикистон либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ шудааст. Дар аввал волидон ҳаққи интихоби либос барои фарзандонро доштанд ва онро асосан аз бозорҳо мегирифтанд. Аммо солҳои охир аз волидон талаб шудааст, ки либосҳоро аз ширкатҳои ватанӣ бигиранд.