Маркази миллии тестӣ гуфт, кай натиҷаҳои имтиҳонҳои дохилшавӣ эълон мегарданд

Аз 1 то 8 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олӣ баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ 20 июл тариқи смс — паёмак эълон мегардад.
Дар ин бора Маркази миллии тестии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз 1 то 8 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ, ки аз 1 март то 2 май номнависшуда буданд, баргузор гардид.
Аз ҷониби Маркази миллии тестӣ барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо 45 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо беш аз 1150 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудаанд.
Сабукӣ ба донишҷӯёни тоҷик, ки мехоҳанд хизмат раванд: пешакӣ имтиҳон супоранд
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои ММТ соли равон дар давраи асосии бақайдгирӣ 95 ҳазору 276 довталаб, ки аз онҳо 78 ҳазору 222 нафар довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 17 ҳазору 54 нафари дигар довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд, номнавис карда шудаанд.
Мувофиқи тартиби муқарраргардида ба ҳар довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда дода шудааст.