ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар Екатеринбург панҷ шаҳрванди Тоҷикистон, ки соли 2021 боздошт шуда буданд, дар терроризм гунаҳкор дониста шуданд.
Додгоҳи низомии ноҳияи марказии минтақаи Екатеринбург панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро ба мӯҳлати аз 16 то 25 сол равонаи зиндон кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин додгоҳ.
Додгоҳ шаҳрвандони Тоҷикистон Авезов Анваршоҳ, Нуралӣ Дӯстов, Сангинмурод ва Шаҳромҷон Мусофиров ва Абубакр Сангҷаровро ба терроризм айбдор донист.
Қайд карда шудааст, ки кормандони ФСБ онҳоро дар ҷараёни як амалиёт, ки бар зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ гузаронида шуда буд, боздошт кардаанд. Аз 15 нафари боздоштшуда даҳ нафараш аз Русия ихроҷ шуданд, боқимонда панҷ нафар бо иттиҳоми ташкили гурӯҳи террористӣ боздошт шуданд.
Ба гуфтаи муфаттишон, раҳбарони ин гурӯҳ Сангҷаров ва Сангинмурод Мусофиров буданд. Онҳо се нафари дигарро ба сафи худ ҷалб намуда, ба омода кардани ҳамлаҳои террористӣ ҷалб мекунанд.
Маркази онҳо дар як манзил дар кӯчаи Свердлови шаҳри Екатеринбург будааст. Онҳо дар онҷо маводи тарканда сохта, онҳоро бастабандӣ намуда, дар ҷойҳои гуногун нигоҳ медоштанд.
"Шаҳромҷон ба 16 сол, Дӯстов - 17, Авезов - 18 сол, раҳбарон: Сангинмурод - 24 сол ва Сангҷаров - 25 сол маҳкум шуданд", - хабар додааст додгоҳ
Қайд карда шудааст, ки маҳкумшудагон панҷ соли аввалро дар зиндон ва боқимондаро дар зиндони низомаш шадид сипарӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав амали террористӣ сурат гирифт, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.