Супориши Аҳмадзода: Ангишт захира кунед ва ба фасли зимистон омода шавед

Раиси вилояти Суғд ба мақомдорон барои захираи ангишту ҳезум дар давраи тирамоҳу зимистон ва иҷрои саривақтии кишти такрории зироати кишоварзӣ супоришҳо дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ахиран бо ҳузури раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар бинои ҳукумати вилоят машварати корӣ сурат гирифт, ки дар он роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Дар ин ҷаласа масоили омодагии саривақтии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят барои фаъолияти бонизом дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ва гузаронидани кишти такрории зироати кишоварзӣ баррасӣ шуд.
Муовини якуми Раиси вилоят ва муовинони Раиси вилоят дар ин ҷаласа дар бораи таъмини муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ, гузориш дод.
“Snickers - и тоҷикӣ”: Зардолуҳои хушки Суғд чӣ тавр ба Русия ва Аврупо содирот мешаванд?
Ин дар ҳолест, ки роҳбари вилоят дар ин ҷаласа барои захираи ангишту ҳезум барои давраи тирамоҳу зимистон, иҷрои саривақтии нақшаи кишти такрории зироати кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани замин, гирифтани ду-се ҳосил, истифодаи тухмиҳои хушсифат супоришҳои мушаххас додааст.
Инчунин Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ҷалби сармоя ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, ҷалби кадрҳои ҷавон ба кор, таъмини муассисаҳои маорифу тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, таълиму тарбияи насли наврас, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбияи фарзандон, пешгирии зиёдаравӣ дар тӯйю маъракаҳо, мубориза бар зидди хурофотпарастӣ, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа таъкид ва ба масъулин супориш дод.