ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Сафари раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин ба Осиёи Марказӣ барои ҳамкориҳо ва рушди минтақавӣ аҳамияти бузург дорад.
Дар ин бора Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин зимни брифинги матбуотӣ оид ба иштироки Си Ҷинпин дар ҷаласаи 24-уми Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар Остона ва сафарҳои давлатии ӯ ба Қазоқистону Тоҷикистон изҳор дошт.
Тавре сарвари вазорати корҳои хориҷӣ тавзеҳ дод, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин таъкид кард, ки кишварҳои узви СҲШ дар баробари вазъият ва чолишҳои нав бояд амниятро таъмин намуда, ҳуқуқҳои рушдро ҳифз намуда, нерӯи ваҳдатро таҳким бахшанд ва барои сохтани хонаи умумӣ саъй кунанд. .
Вазир қайд кард, ки сарони кишварҳои узви СҲШ хоҳиши омӯхтани таҷрибаи Чин дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва омодагии худро барои суръат бахшидан ба раванди модернизатсияи кишварҳояшон намуданд.
Чунон ки Ван И хабар дод, онҳо ба принсипи ягонаи Чин ва радди ҳар гуна шакли "истиқлолияти Тайван" содиқ будани худро равшан баён карданд.
Ван И натоиҷи сафари Си Ҷинпин ба Қазоқистонро ҷамъбаст намуда, қайд кард, ки сарони давлатҳои Чин ва Қазоқистон иродаи қавии сиёсии худро ҷиҳати мусоидат ба бунёди ҷомеаи сарнавишти муштараки Чину Қазоқ бори дигар тасдиқ намуда, нақшаҳои навро барои "30 соли тиллоӣ"-и оянда таҳия намудаанд.
Ван И зимни суханронӣ аз сафари Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ёдовар шуд, ки аз оғози давраи нав раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон 15 дидор баргузор кардаанд.
Вазир қайд кард, ки дар ҷараёни сафари кунунии давлатии Си Ҷинпин сарони ду кишвар аз роҳандозии равобити ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегӣ ва шарикии Чину Тоҷикистон дар марҳалаи нав ва якҷоя бунёди ҷомеаи сарнавишти муштаракро аз марҳилаи баландтар эълон карданд.
Ван И зикр кард, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардааст, ки Чин ҳамсояи бузурги ҷумҳурӣ аст ва ба гуфтаи ӯ, сафари ин дафъаи Си Ҷинпин як марҳалаи муҳими дигар дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Чин мебошад.
Тавре ӯ қайд кард, роҳбари Чин зимни сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ба сарвари ҷумҳурӣ Ордени Дӯстии Ҷумҳурии Мардумии Чин – мукофоти олии давлатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ супурд.