ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ҷудокори тоҷик дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё байни наврасон, ки дар Алмаато ҷараён дорад, медали тило ба даст овард.
Дар ин бора Telegram - канали марбут ба шаҳрдории Душанбе хабар дод.
Ҷоизаро дар ин мусобиқа Лоиқ Қутбиддинов, ки дар вазни то 60 кг қувваозмоӣ кардааст, ба даст овард.
Гуфта мешавад, ҷудокори тоҷик бо варзишгари Ӯзбекистон қувваозмоӣ намуда, ғолибият ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки аз 4 то 7 июл дар шаҳри Алмаато Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон баргузор мешавад.
Мусобиқа барои ҳафтумин бор баргузор мешавад ва ба хотираи Бекет Махмутов, ки аз соли 2009 то 2012 раҳбарии Федератсияи дзюдои Қазоқистонро бар ӯҳда дошт, бахшида шудааст.
Дар ин мусобиқот беш аз 700 варзишгар аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат доранд. Ба ҷуз медалҳо, қаҳрамонҳо ва ҷоизадорони Ҷоми Осиё дар Алмаато соҳиби холҳои рейтингӣ хоҳанд шуд.