ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Масъуди Пизишкиён аз маҷмӯъи 30 миллиону 530 ҳазору 157 раъй, тавонист бо касби 16 миллиону 384 ҳазору 403 раъй, нӯҳумин раисҷумҳури мунтахаби Эрон шавад.
Нӯҳумин раисҷумҳури Эрон, мутаваллиди 1333 шамсӣ ва дорои мадраки фавқитахассуси ҷарроҳии қалб аст.
Пизишкиён пеш аз ин илова бар 5 давра намояндагии мардуми Табриз, Озаршаҳр ва Аску (устони Озарбойҷони шарқӣ) дар Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва сарпарастии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эронро низ дар корномаи худ дорад.
Даври дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон рӯзи 5 июл бо ҳузури пуршӯри мардум дар саросари ин кишвар ва ҳамчунин эрониёни сокин дар бархе аз кишварҳои дунё баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали интихобот, ки рӯзи 28 июн баргузор шуд, на Пизишкиён ва на Ҷалилӣ раъйи кофӣ ба даст оварданд. Аввалӣ 44 ва дуввуми танҳо 40% овозҳо гирифтанду халос. Аммо барои пирӯз шудан беш аз 50% раъй гирифтан лозим буд.
Зимнан, ҳузури интихобкунандагон дар даври аввал ҳамагӣ 40% -ро ташкил дод, ки дар таърихи ин ҷумҳурӣ пасттарин ба ҳисоб меравад.
Натоиҷи интихобот дар нимаи аввали рӯзи 6 июл пас аз шумориши ҳамаи раъйҳо маълум шуд.
Масъуд Пизишкиён аз ҷалби сармояи хориҷӣ, муколама бо Ғарб ва барқарорсозии Нақшаи муштараки ҳамаҷонибаи амал ҷонибдорӣ мекунад.
Сардори собиқи Вазорати тандурустӣ борҳо аз мавқеъи мақомот дар мавриди пӯшидани иҷбории ҳиҷоб интиқод карда, ваъда дод, ки ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳои этникиро васеъ мекунад.
Саид Ҷалилӣ ҷонибдори идомаи сиёсати хориҷии раисиҷумҳур Иброҳим Раисӣ буд, ки рӯзи 19 май бар асари суқути ҳавопаймо ҳалок шуд. Ҳамроҳ бо Раисӣ вазири умури хориҷии Эрон ва чанд мақомдори дигар ҷон аз даст доданд.