Ифтитоҳи биноҳои нав ва зиёфати ғайрирасмӣ барои Ҷинпин дар Душанбе

Дар доираи сафари давлатии раҳбари Чин ба Тоҷикистон маросими ифтитоҳи биноҳои нави Парлумон ва ҳукумати кишвар ва Шоми Дӯстӣ баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Сарони давлатҳо Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ расман ба фаъолияти ду иншоот — Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Тоҷикистон, ки бо кумаки Чин бунёд шуданд, ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудаааст, ки биноҳои мазкур бо истифодаи унсурҳо ва нақшу нигори миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудааст.
“Ин биноҳо дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсояи бузурги мо амалӣ шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сипас роҳбари кишвар барои ҳамтои чиниаш, дар қароргоҳи шаҳрии Ҳукумати Тоҷикистон зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо самимияти хосаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.
Қайд карда шудааст, ки Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмони олимақом, роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон Си Ҷинпин дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.
Шоми Дӯстӣ барои раҳбари Чин
“Меҳмонон аз меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд”, - қайд кардааст манбаъ
Гуфта шудааст, ки Си Ҷинпин бо намоиши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ, ки дар деҳқадаи бӯстонсаро омода шуда буд, шинос шуда, таассуроти нек бардоштанд.