ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо таҳдиди маводи мухаддир қарор дорад.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонр, дар мусоҳиба бо хабаргузории "Синхуа" -и Чин изҳор дошт.
Дар робита ба ин, кишвар ташаббуси таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхайро дар шаҳри Душанбе ба миён гузошт, ки аз ҷониби тамоми иштирокчиён дастгирӣ ёфт, гуфт роҳбари давлат.
"Бо дарназардошти он, ки кишвари мо дар сафи пеши мубориза бо таҳдиди маводи мухаддир қарор дорад, мо ҷойгиршавии ин маркази СҲШ дар Тоҷикистонро комилан одилона мешуморем", - таъкид кард Раҳмон.
Президент афзуд, Душанбе минбаъд низ саҳми худро дар талошҳои дастаҷамъӣ дар доираи созмон барои таъмини амнияти минтақа афзоиш хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, ки ташаббуси таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2019 зимни як конфронси мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир эълон шуда буд.
Сипас сарвари давлат қайд кард, ки таъсиси сохтори алоҳида самаранокии амалҳои муштараки мақомоти салоҳиятдори кишварҳои СҲШ-ро афзун хоҳад кард.