ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Раҳбари Русия рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона бо Муҳаммад Мухбир, иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Эрон дидору мулоқот кард.
Раҳбари Русия дар ин дидор таъкид кард, ки Русия дархости Эронро барои гирифтани мақомоми нозир дар ИИАО дастгирӣ мекунад.
"Кишварҳои узви ин созмон дархости Эронро барои дарёфти мақоми нозир дар ИИАО баррасӣ мекунанд, аз ҷониби худ, албатта, мо шуморо дастгирӣ мекунем" - гуфт Путин дар мулоқот бо Мохбир.
Раисиҷумҳури Русия қайд кард, ки созишномаи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эрон низ ба таҳкими минбаъдаи равобити иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз наздик будани мавқеъҳои Маскав ва Теҳрон ба масоили муҳими ҷаҳонӣ таъкид кард.
"Дар масоили муҳими рӯзномаи байналмилалӣ бархӯрдҳои мо амалан ба ҳам мувофиқанд", - гуфт Путин.
Ба гуфтаи Путин, Маскав ва Теҳронро “хоҳиши ташкили як тартиботи бисёрқутбӣ, риояи ҳама меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳифзи нақши марказии СММ муттаҳид мекунанд”.
Дар навбати худ оқои Мухбир гуфт, Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, дар паёме ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ба тағйирнопазирии равобити дуҷониба пас аз интихоботи раёсат ҷумҳурии Эрон таъкид кардааст.
"Пеш аз ҳама мехостам паёми Пешвои муаззамро вобаста ба масъалаҳои дуҷониба ва ҳузури ҳайат дар маросими дафни раисиҷумҳур (Иброҳим Раисӣ) бирасонам. Раҳбари Эрон таъкид кард, ки равобит бо Русия муносибатҳое ҳастанд, ки табиати амиқ доранд ва бо иваз шудани ҳукумат (пас аз интихоботи президентӣ) онҳо тағир намеёбанд”, - гуфт Мохбер дар мулоқот бо Путин.