ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Артиши Русия ба пойгоҳи горди президентии Украина, ки дар ҳамлаҳо ба вилояти Белгороди Русия даст дошт, ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.
"Дар Вишгород, ки дар макони ҷойгиршавии пойгоҳи низомии бригадаи 1-ум, ки ҳамчун горди президентии Украина, маъруф аст, ду таркиш ба вуқӯъ пайваст. Таркишҳо дар кӯчаи генерал Кулчитский, ки қисми асосии пойгоҳи низомӣ ва тамрингоҳ дар он ҷойгир аст, инчунин казармаҳои низомӣ, котеҷҳои маъмурӣ, ангарҳо бо техникаи ҳарбӣ ва анборҳои лавозимоти ҷангӣ ҷойгиранд, ба назар мерасид", - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, маҳз ҳамин горди миллӣ талош кард ба вилояти Белгороди Русия ҳамла кунад.
Илова бар ин, манбаъ иттилоъ дод, ки дар Киев, дар наздикии фурудгоҳи Бориспол садои таркиш шунида мешавад. Боз як таркиши шадид дар наздикии шаҳри Василков, ки дар ҷанубу ғарби пойтахти Украина воқеъ аст, рух дод.
"Таркишҳо дар самти фурудгоҳи 40-уми бригадаи ҷангӣ неруҳои ҳавоии Украина рух дод. Дар ҳудуди фурудгоҳ анборҳои низомӣ, анборҳои ҳавопаймоҳо бо ҳавопаймоҳои МиГ-29, Л-39 ва анбори нафтӣ ҷойгиранд, сурат гирифт", - хабар додааст манбаъ.
Дар моҳи март артиши Украина як силсила кӯшишҳои убури марзи Русияро анҷом доданд. Тахрибкорони украинӣ 12 март ба хоки вилояти Белгород дар ворид шуданд.