Ду садамаи мудҳиш: ҳалокати се узбекистонӣ ва панҷ узви як хонаводаи тоҷик

КҲФ-и Тоҷикистон аз ҳалокати 8 нафар, се шаҳрванди Узбекистон ва панҷ узви як оила аз Тоҷикистон дар ду садамаи маргбор хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар як садамае, ки ахиран дар километри 50-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд рух дод, се шаҳрванди Узбекистон (ду мард ва як зан) ба ҳалокат расиданд.
Ба иттилои манбаъ, мошини тамғаи “Daewoo Nexia”, ки аз шаҳри Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, ба мошини боркаши тамғаи КАМАЗ бархӯрдааст.
Бар асари ин садамаи маргбор ронанда ва ду ҳамсафари ӯ, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Узбекистон буданд, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.
Қайд карда шудааст, ки худи ҳамон рӯз КҲФ-и Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Узбекистон дар тамос шуданд ва дар бораи ҳалокшудагон ва садамаи рухдода пурра маълумот доданд.
“Дастаи наҷотдиҳандагони КҲФ ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус ҷасади ҳалокшудагонро аз мошини садамадида берун оварданд ва ба кормандони милитсия супурданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин як садамаи мудҳиши дигар дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст.
Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ: Чаро марг дар роҳҳои Тоҷикистон зиёд шудаст?
Дар роҳи Айнӣ-Мастчоҳи Кӯҳӣ, дар наздикии деҳаи Шавакти Поёни ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ мошини тамғаи "Musso", ки аз ҷониби як сокини 32-солаи рустои Шавакти Поён идора мешуд, ба як ҷарии умқаш 450 метр сарозер шуд.
Бар асари ин садамаи мудҳиш ҳамаи дохили мошинбудагон, ки аъзои як оила буданд (ронанда, ҳамсараш ва се фарзанди онҳо), ба ҳалокат расиданд.
Дар ҳамин КҲФ Тоҷикистон аз ронандагон хоҳишкардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд ва суръати ҳаракати мошин риоя кунанд.