ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишварро сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Аз фурудгоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба дидори Президенти Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев равон шуд.
“Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуд”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии СҲШ ва мавзуоти алоҳидаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Таъкид шудааст, ки дар вохӯрӣ масоили рушду инкишофи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёти ҳавоӣ ва амният муҳокима гардид.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи фаъолияти ҳамоҳанг дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иброз доштанд.
Инчунин баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе аз масъалаҳои дигари мулоқот буд.
Дар рафти суҳбат роҳбарони ду кишвар ҷараёни кор дар соҳаи рақамикунонӣ ва масъалаи ҷудо кардани бурсияҳо барои тайёр намудани мутахассисони тоҷик дар соҳаи технологияи иттилоотӣ баррасӣ намуданд.