ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро муовини Сарвазири Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи сарони СҲШ дар Остона рӯзи 4-уми июл баргузор мешавад. Раҳбарони Чину Русия - Си Ҷинпин ва Владимир Путин дар Қазоқистон қарор доранд.
Аз рӯзномаи нишаст масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанба дар чаҳорчӯби СҲШ ва такмил додани фаъолияти созмон ҷой гирифтаанд. Инчунин мушкилоти ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар ҷамъбасти нишаст қабули Эъломияи Остона ва бастаи ҳуҷҷатҳо оид ба густариши шарикӣ дар соҳаҳои иқтисод, амният, экология, энергетика, сайёҳӣ ва бисёр дигар самтҳо дар назар аст.
СҲШ як ташаккули сиёсии минтақаии таҳти раҳбарии Чин мебошад ва қарор аст фардо бо пайвастани Беларус ба узвияти он, шумори аъзояш ба даҳ кишвар баробар шавад.
Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Покистон, Ҳинд ва Эрон аъзои СҲШ мебошанд.