Путин созишнома миёни ИИАО ва Муғулистонро баҳогузорӣ кард

Раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки имзои созишнома миёни ИИАО ва Муғулистон барои ҳар ду тараф имкониятҳои навро боз мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин боварӣ дорад, ки имзои созишномаи тиҷоратӣ байни Муғулистон ва ИИАО ба рушди иттиҳод мусоидат хоҳад кард.
Путин дар мулоқот бо Ухнаагийн Хурелсух, раисиҷумҳури Муғулистон гуфт, ки ин иқдом на танҳо заминаи расмии ҳуқуқии муносибатҳои Русия ва Муғулистонро мустаҳкам мекунад, балки барои тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар имконоти нави воқеиро фароҳам месозад.
Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо дар бахши энержӣ - ҳам сӯзишворӣ ва ҳам нерӯи барқ ​​баррасӣ шаванд.
"Ин ҷо чизест, ки болои он метавон гуфтугӯ кард", - гуфт Путин.
Дар қаламрави ИИАО бозори ягонаи кишоварзӣ ташкил карда мешавад
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қаблан хабар дода буд, ки ҷонибҳо интизор доранд, то охири сол созишномаи муваққатии тиҷорати озод байни Муғулистон ва кишварҳои ИИАО-ро ба имзо расонанд.
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.