ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев чаҳор созишнома бо Тоҷикистонро тасвиб кард, иттилоъ додааст хабаргузории Report.
Тибқи иттилои манбаъ, раҳбари Озарбойҷон фармони тасдиқи "Созишнома байни Ҳукумати Озарбойҷон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират"-ро ба имзо расонд.
Ҳамчунин президент бо фармонҳои дигар "Созишнома байни Ҳукумати Озарбойҷон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти иттилоотии техникӣ, “Ёддошти тафоҳум байни Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи савдои рақамӣ”, ва "Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи моликияти саноатӣ"-ро ба тасвиб расонд. .
Қобили зикр аст, ки созишномаҳо рӯзи 23 май дар пайи мулоқоти президентҳои Озарбойҷону Тоҷикистон Илҳом Алиев ва Эмомалӣ Раҳмон дар Боку ба имзо расида буданд.
Ёдовар мешавем, ки 22 май президенти Тоҷикистон ба Озарбойҷон сафари давлатӣ анҷом дод.
Дар ин сафар миёни ду кишвар якчанд санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расида буд.