Оташсӯзӣ дар бозори марказии Ҷайҳун: қариб хокистар шуд

Ҳоло намояндагони ҳама ниҳодҳои масъул дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, сабабу омилҳо ва ҳаҷми зарари расидаро ошкор мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун собиқ Қумсангир бар асари сӯхтор қариб пурра хокистар шудааст.
Ҳодиса нимашаби 1 ба 2 июл сар зада, ҳамакнун пурра хомӯш шудааст.
Аз Раёсати оташнишонии ВКД ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода, гуфтанд, ки бо дарёфти хабар сӯхторнишонҳо аз ноҳия ва маркази вилоят барои хомӯшсозӣ сафарбар шуданд.

“Хушбахтона ҳодиса дар пай қурбонӣ надошт. Чанд тан каме осеб бардошта буданд, ки бо кумаки аввалияи тиббӣ ба хонаҳояшон баргаштанд”, - афзуд манбаъ.

Манбаъ гуфт, ки ҳоло намояндагони ҳама ниҳодҳои масъул дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, сабабу омилҳо ва ҳаҷми зарари расидаро ошкор мекунанд.
Посбон гуфт, чаро ва чӣ гуна Донишгоҳи Хуҷандро оташ зад
Таъкид мешавад, ки бозори мазкур ба Ҷамъияти “Тоҷикматлубот” мутааллиқ аст.
Маврид ба зикр аст, ки бозорсӯзӣ дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест ва ҳамасола чандин чунин ҳодисаҳо сар мезанад.
Охирин чунин ҳодиса сӯхтор дар Ҷумъабозори Хуҷанд буд, ки якчанд мағоза ба коми оташ рафтаанд.