ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Саҳми зардолу дар ҳосили имсолаи меваҷот беш аз нисф будааст.
Лоиқ Тӯйчиев, сардори Маркази матбуоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли равон боғдорони кишвар ҳосили бесобиқаи зардолуро ба даст оварданд.
“Ҳосил асосан дар вилоятҳои Суғду Хатлон хеле фаровон буд. Боғпарварони ин вилоятҳо на фақат ҳосили хубро ба даст оварданд, балки содироти зардолу – чӣ хушк ва чӣ тарро афзойиш доданд”, - гуфт Лоиқ Тӯйчиев.
Тибқи иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 июли соли равон дар кишвар 28,4 ҳазор тон ё 1,6 ҳазор тон зиёд дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта меваҳои тару тоза ба даст омад, ки 16 ҳазор тон, ҳудуди 60% - и онро зардолу ташкил мекунад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 143 тон бештар аст.
Дар ин миён, 5,2 ҳазор тон ё ба маблағи 2,1 млн доллар мева ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки аз он 2,7 ҳазор тон зардолу ба маблағи он 1,1 млн доллар аст.
Дар ҳамин ҳол, ҳисоби содироти хушкмева ҷудо буда, дар ин панҷ моҳи соли равон 34,9 ҳазор тонна ба маблағи 14,2 млн доллар содир шудааст, ки аз ин 13,8 ҳазор тон ба маблағи 9,5 млн. долларро зардолуи хушк ташкил мекунад.
Ба ҳамин минвол, содироти меваи хушк нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,1 ҳазор тонна ба маблағи 5,1 млн доллар ва зардолуи хушк 7,6 ҳазор тонна ба маблағи 5,2 млн доллар зиёд шудааст.
Боғу токзорҳо дар Тоҷикистон майдони зиёда аз 206 ҳазор гектарро ташкил мекунад, ки зиёда аз 60 ҳазор гектари онро боғҳои зардолу аст.