ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон Замир Кобулов гуфт, ки Маскав ҳашт соли пеш суқути Кобулро пешбинӣ карда буд, иттилоъ додааст "Радио дарӣ".
Вай афзуд, пеш аз ба қудрат расидани толибон* дар Афғонистон, Маскав равобити хубе бо онҳо дошт.
Оқои Кобулов тасреҳ кард, Маскав аз мақомоти толибон* интизор дорад, ки барои маҳори тероризми байналмилалӣ бештар талош кунанд.
Намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон муътақид аст, ки мақомоти толибон то кунун иқдомоти зиёде барои коҳиши тавлиди маводи мухаддир анҷом додаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар авоили августи соли 2021 Толибон* ҳамлаи худро алайҳи нирӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг тамом шудааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи августи он сол аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, ихроҷи оммавии шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20 соли низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Рӯзи панҷшанбе маъмурияти Амрико ба Конгресс маводи махфии "таҳлили пас аз фактум"-и дохилиидоравии хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, ки мавриди таҳқиқи қонунгузорон шуд, супурд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористӣ зери таҳримҳои СММ қарор дорад.