Таҷлили бошукӯҳу шаҳомати ҷашни Тиргон дар Душанбе – акс

Дар "Боғи Ирам"-и шаҳри Душанбе, ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар Муассисаи давлатии "Боғи Ирам"-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" таҷлил гардид.
Дар даромадгоҳи "Боғи Ирам" намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" ташкил гардид, ки дар он даҳҳо номгӯи маҳсулоти корхонаҳои коркарди мева бо сифати баланд дар борҷомаҳо бандубастшуда пешниҳоди иштирокдорон гардид.
1 / 5
Ҷашни Тиргон дар Душанбе
2 / 5
Ҷашни Тиргон дар Душанбе
3 / 5
Ҷашни Тиргон дар Душанбе
4 / 5
Ҷашни Тиргон дар Душанбе
5 / 5
Ҷашни Тиргон дар Душанбе
Ҳамчунин дар ин Боғ навъҳои гуногуни меваи зардолу, маҳсулоти аз он омодашуда- афшура, шарбат, хушкардашуда ва обмеваи он пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз кишовразони мамлакат меваи тару тоза ва хушкашудаи олу, гелос, шафтолу, себ ва навъҳои ғалладонагӣ, зироати полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбузаро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт ин маҳсулотро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас намуданд.
Истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоед: даъвати Раҳмон аз кишоварзони кишвар
Ёдовар мешавем, ки Ҷашнвораи борон - Тиргон яке аз қадимтарин анъанаҳои аҷдодии мардуми тоҷик аст, ки дар солҳои истиқлолияти ҷумҳурӣ дубора эҳё шудааст.
Тиргон дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рўзи 13-уми моҳи тир, ки он рўзро низ тир меномиданд, баргузор мегашт”.
Мақомоти кишвар таъкид мекунад, ки ҷашнҳои мазкур бо мақсади инкишоф додани соҳаи кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи мамлакат роҳандозӣ гардидаанд.