Истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоед: даъвати Раҳмон аз кишоварзони кишвар

Раисҷумҳури тоҷикистон дар паёми шодбошиаш ба муносибати ҷашни Тиргон ба захираи маводи зарурӣ дар ҳар як оила таваҷҷуҳ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз кишоварзони тоҷик ва умуман, ҳамаи онҳоеро, ки дар ихтиёри худ як порча замин доранд, зарур аст, ки бо истифода аз ойину анъанаҳои неки ниёгонамон, аз ҷумла суннатҳои ҷашни Тиргон ҳарчи бештар заҳмат кашида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд.
Вай гуфт, кишоварзон бояд ба масъалаҳои таъмини бозори истеъмолӣ, захираи маводи зарурӣ дар ҳар як оила ва содироти маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.
Ҳамчунин, кишвардори Тоҷикистон зарур шуморид, ки дар заминҳои обӣ, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ кишти такрорӣ вусъат дода, рӯёнидани се – чор ҳосил ва коркарди маҳсулот таъмин карда шавад.
“Баҳору тобистони соли ҷорӣ барои корҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани ҳосили фаровон нисбатан мусоид омад, ки онро ҳамватанони азизи мо имрӯзҳо аз фаровониву арзонии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳо дида истодаанд”, қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Дар шаҳри Душанбе "Ҷашни Тиргон" бо баргузории иди зардолу баргузор мегардад
Раҳбари Тоҷикистон илова кард, ки мардуми кишвар аз вазъи ноорому печидаи ҷаҳон, хусусан, дар масъалаи таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, мунтазам боло рафтани нархи маҳсулот ва мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон хуб огоҳанд.
“Дар чунин шароит мо бояд, пеш аз ҳама, шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва обу хоки ин Ватани муқаддасро ба ҷо оварем, сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона заҳмат кашем, фарзандонамонро тарбияи дуруст диҳем, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои деринаи миллиамонро, ки барои мо арзишҳои зиндагисозу ҳувиятсоз мебошанд, ҳифз кунем”, - қайд кард Раҳмон.