Дар қаламрави ИДМ бештар аз ҳама ба ҳамлаҳои киберӣ Тоҷикистон рӯ ба рӯ мешавад

Тибқи як таҳқиқоти Озмоишгоҳи “Касперский” бештари ҳамлаҳои киберӣ дар қаламрави Иттиҳодияи давлатҳои мустақил (ИДМ) ба Тоҷикистон рост меояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Гузориши таҳлилии Озмоишгоҳи “Касперский” "Манзараи таҳдидҳои киберӣ барои Русия ва кишварҳои ИДМ-2024" нишон дод, ки кадом кишварҳо дар соли 2023 ва семоҳаи аввали соли 2024 бештар мавриди ҳамлаҳои киберӣ қарор мегиранд, хабар медиҳад inbusiness.kz.
Тибқи ин гузориш ҳамлаҳои бештар ба Тоҷикистон (60,69%), сипас Белорус (59,79%), Туркманистон (59,55%), Узбекистон – (58,74%), Қирғизистон (57,21%), Қазоқистон(54,62%), Русия (51,86%), Озарбойҷон (49,73%) ва Арманистон (44,21%) сурат мегирад.
Дар мавриди соҳаҳое, ки бештар мавриди ҳамла қарор мегиранд, ба даҳгонаи аввал бахши молия (28%), сохтмон (24%), истеҳсолот (14%), нақлиёт (9%), таҳсилот (7%), ҳукумат (4%), савдои чакана (4%), технология (3%) тандурустӣ (2%) энергетика (2%) ворид шуданд.
Таҳлилгарони ин гузориш қайд кардаанд, ки дар аксари кишварҳо шумори ҳамлаҳо то охири сол афзоиш ёфта, дар ибтидо якбора коҳиш меёбад.
Мубориза бо киберҷинояткорӣ дар ИИАО пурзӯр мешавад
Ба гуфтаи коршиносон, ҳангоми ҳамла ҳамлагарон талош мекунанд изи худро пӯшонанд ва вокуниш ба ҳодисаро мушкилтар месозанд.
Бо ин мақсад, онҳо нишонаҳои мавҷудиятро дар шакли файлҳои иҷрошаванда, ки онҳо оғоз кардаанд, скриптҳо ва инчунин гузоришҳои тозаи рӯйдодҳоро поккорӣ мекунанд.
Қайд карда мешавад, ки шумораи ҳамлаҳои марбут ба истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ афзоиш меёбад.
Теъдоди умумии чунин ҳамлаҳо дар аксари кишварҳои минтақа сол то сол афзоиш меёбад.