ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Нахустин маросими ботантанаи супоридани шаҳодатномаҳо дар мактаби миёнаи русӣ-тоҷикии ба номи ба номи А.П. Чехов дар Хучанд супурда шуд.
Шаҳодатномаҳо дар бораи таҳсилоти умумии асосиро 115 нафар хатмкунандагони синфи 9-уми мактаби ба номи А.П. Чехов дар шаҳри Хуҷанд гирифтанд.
Даҳ тан аз онҳо таҳсилро бо баҳои аъло хатм кардаанд.
Дар маросими тантанавӣ аввалин хатмкунандагони мактаби навро консули генералии Русия дар Хуҷанд Сергей Ланкин табрик гуфт. Вай табрикномаи вазири маорифи Русия Сергей Кравтсовро низ ба ҳозирин ироа кард.
Ба гуфтаи раиси “Хонаи рус” Татяна Мудрова, мактаб намунавӣ аст.
"Умедворем, ки хатмкунандагони он дар оянда таҳсилро дар донишгоҳҳои Русия идома дода, ба нафъи рушди кишварҳоямон кор хоҳанд кард", - гуфт ӯ.
Ҳамчунин, маросими супоридани шаҳодатномаҳо дар мактаби русӣ-тоҷикии ба номи . Менделеев дар Турсунзода низ сурат гирифт.
Дар як маросими ботантана омӯзгорон ва намояндагони Вазорати маорифи Федератсияи Русия ба 120 нафар хатмкунандагони синфи 9 шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи пурраро супурданд.
Ба муҳассилин аълохонро шаҳодатномаҳоро шахсан сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев супурд ва таманнои давом додани таҳсили бомуваффақиятро кард.
Хотиррасон менамоем, ки дар панҷ минтақаи ҷумҳурӣ мактаб сохта шудааст, ки дар онҳо таълим ба забони русӣ мегузарад. Маросими ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ бо иштироки президентҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 1 сентябри соли 2022 баргузор шуд.
Мактабҳо барои 1220 ҷой пешбинӣ шуда, ба номи чеҳраҳои барҷастаи Русия гузошта шудаанд. Дар шаҳри Душанбе мактаб ба номи Юрий Гагарин, дар Бохтар - Михаил Ломоносов, дар Хуҷанд - Антон Чехов, дар Турсунзода - Дмитрий Менделеев ва Кӯлоб - Константин Ушинский номгузорӣ шудааст.