ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии аҳолӣ дар мубориза бар зидди фасод мусоидат мекунад.
Дар ин бора намояндаи Оҷонси мубориза алайҳи фасоди Тоҷикистон Санҷар Ихтиёрзода хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ӯ дар Форуми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург суханронӣ кардааст.
"Танҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ кашидан кифоя нест, пеш аз ҳама, ба фарҳанги ҳуқуқӣ, дарки ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, талошҳоро афзун гардонем", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, дар ҷумҳурӣ маҳз бо ҳамин мақсадҳо бо иштироки намояндагони аҳли ҷомеа семинару конференсияҳо, вохӯриҳо, баромадҳо гузаронида мешаванд.
Қаблан, Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ҳолати исрофкорию азхудкунии маблағҳо дар як муассисаи Хадамоти алоқа гузориш додаст.
Манбаъ иттилоъ дод, ки роҳбари Маркази алоқаи Почтаи шаҳри Ваҳдат беш аз 160 ҳазор сомониро азхуд кард.
Зикр гардид. ки давоми чор сол маркази мазкур муассисаҳои давлатии шаҳри Ваҳдатро бо як ҷамоат бо рӯзномаву нашрияҳои ҷумҳуриявӣ таъмин карда, маблағи обуна аз тарафи шахсони масъул ҷамоъоварӣ ва ба директори он супорида шудааст.
Вале роҳбар маблағҳоро на ба хазинаи марказ, балки ба эҳтиёҷоти худ масраф намудааст.
Ҳамакнун ин масъули Хадамоти алоқаро аз 131 то беш аз 194 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол интизор аст.