ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Дар панҷ моҳи аввали соли равон Тоҷикистон бо 111 кишвари ҷаҳон додугирифти тиҷорӣ анҷом додааст.
Гардиши тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тайи панҷ моҳи соли равон $3,7 млрд ё 33% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта будааст.
Бино ба иттилое, ки Агентии омор ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон дастраси Sputnik Тоҷикистон шуд, Тоҷикистон дар ин давра бештар аз ҳама аз Русия (21,8%) маҳсулот ворид кардааст.
Дар даҳгонаи ҳамкорони тиҷории Тоҷикистон ҳамчунин Чин (19,2%), Қазоқистон (14,6%), Ӯзбекистон (5,9%), Туркия (4,7%), Эрон (3,7%), Беларус (1,8%), Кореяи Ҷанубӣ (1,2%) ва Олмону Ҷопон (ҳарду 1%) қарор доранд.
Шарики асосии содироти Тоҷикистон Швейтсария бо 33,9% (298, 2) ба ҳисоб меравад, ки қисмати умдаи онро маҳсулоти саноатӣ, аз қабили алюминиум ва сангу маснуоти қиматбаҳо ва филизӣ ташкил мекунад.
Ба дунболи он Чин - 17,4% (153,4), Туркия - 10,7% (94,5), Қазоқистон - 10,6% (93,2), Ӯзбекистон - 7,7% (67,4), Русия - 6% (52,7), Эрон - 5,8% (50,5), Афғонистон - 3,1% ($26,9 млн ва дигар кишварҳо қарор доранд.
Дар умум содирот $879,5 млн ё дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2023 57% зиёд шудааст.
Ҳаҷми умумии воридот $2,9 млн ё 27,1% бештар аз панҷ моҳи аввали соли гузашта афзудааст, ки қисмати бузури онро маҳсулоти нафтӣ ($559,4 млн), газ ($182,2 млн) ва орд ($171,6 млн) ташкил медиҳад.
Дар ин давра Тоҷикистон бо 113 кишвари ҷаҳон додугирифти тиҷорӣ доштааст, аз ҷумла ИДМ (10), Аврупо (40), Осиё (32), Амрико (16), Африқо (13), Австралия ва Уқёнусия (2).