ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Санаи 30 июни соли равон дар “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе "Ҷашни Тиргон" бо баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” баргузор мегардад, иттилоъ додааст вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар "Ҷашни Тиргон" бо баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, зардолу ва хушкмеваҳои кишвар, навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки Ҷашнвораи борон - Тиргон яке аз қадимтарин анъанаҳои аҷдодии мардуми тоҷик аст, ки дар солҳои истиқлолияти ҷумҳурӣ дубора эҳё шудааст.
Тиргон дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рўзи 13-уми моҳи тир, ки он рўзро низ тир меномиданд, баргузор мегашт”.
Мақомоти кишвар таъкид мекунад, ки ҷашнҳои мазкур бо мақсади инкишоф додани соҳаи кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи мамлакат роҳандозӣ гардидаанд.