ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Рӯзҳои охири моҳи июн дар Тоҷикистон ҳаво ноустувор хоҳад шуд, хабар медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯзҳои 27 июн то 1 июл дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта ва селҳои пиряхӣ мавҷуд аст.
Ҳамчунин, ифлосшавии ҳаво дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ мешгӯӣ мешавад.
"Рӯзҳои 28-30 июн дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва маркази вилояти Хатлон, ноҳияҳои шимолии Суғд, НТҶ ва шаҳри Душанбе ҳаво ифлос мешавад", - омадааст дар хабари Оҷонсӣ.
Зикр гардид, ки чангбод аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарб ва шимолу ғарб вориди кишвар шуда, боиси баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ мегардад.
Қаблан, КҲФ низ аз хавфи селфароӣ ва ифлос шудани ҳаво хабар дода, аз шаҳрвандон хост пешакӣ заҳбуру каналҳоро аз хасу хошок тамиз кунанд.