"Сомон Эйр" парвозҳои мунтазамро ба Исломобод азсар мегирад

Ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" таъкид кардааст, ки ифтитоҳи хатсайри Душанбе—Исломобод—Душанбе ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат такони нав мебахшад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳои мунтазамро аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Покистон — шаҳри Исломобод оғоз менамояд, иттилоъ додааст, ширкати ҳавопаймоӣ.
Ба иттилои манбаъ, парвози нахустин 27 июни соли 2024 анҷом дода шуда, минбаъд парвозҳо ҳар ҳафта, рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд.
Қайд карда шудааст, ки парвозҳои мустақим тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иҷро мегарданд.
Сарвазири Покистон ба Тоҷикистон меояд
Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Беназир Бҳутто аз рӯи бузургиву имконот сеюмин фурудгоҳи Покистон маҳсуб шуда, аз фурудгоҳи Исломобод парвозҳои мустақим ба Амстердам, Бангкок, Барселона, Бирмингем, Копенгаген, Лондон, Манчестер, Милан, Осло, Париж, Пекин, Рум, Истанбул, Токио, Торонто, Абу-Дабӣ, Баҳрайн, Ҷидда, Доҳа, Дубай, Кобул, Кувайт, Маскат, Трабзон, Урумчӣ, Шарҷа, Риёз ва дигар шаҳрҳо амалӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки айни замон ширкати "Сомон Эйр" парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Гурҷистон ва Узбекистон анҷом медиҳад.