Раҳмон тоҷиконро бо Рӯзи Ваҳдати Миллӣ табрик гуфт

Дар Тоҷикистон 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад, раиси ҷумҳури кишвар ҳамаи шаҳрвандон ва ҳамватанони хориҷиро табрик гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Дар тӯли 27 соли ваҳдати миллӣ, сулҳу субот Тоҷикистон ба комёбиву пешрафтҳои бесобиқа ноил гардида, барои сокинони он шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар ин бора раисиҷумҳури ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба шаҳрвандон ба муносибати ҷашни миллӣ изҳор дошт.
Ба даст овардани сулҳу субот ва истиқрори ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик воқеаи таърихӣ аст, афзуд ӯ.
"Ҳамаи шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати бисту ҳафтумин солгарди ин санаи таърихӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Тоҷикистон амнияту оромӣ, саломатӣ ва рӯзгори ободро таманно дорам", - гуфт роҳбари давлат.
Ба гуфтаи ӯ, дар саҳифаҳои таърихи даврони истиқлоли Тоҷикистон санаи 27 июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.
Раҳмон дар ин паём аз рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуд.
"Бо гузашти вақт захмҳои дар натиҷаи ҷанг расонидашуда тадриҷан шифо меёбанд, кишвар беҳбудӣ ёфт, вале мардуми мо он фоҷиаеро, ки дар натиҷаи он садҳо ҳазор нафар кушта ва ҳамин миқдор нафар бесарпаноҳ монданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард",- гуфтааст президент.
Дар робита ба вазъи имрӯзи ҷаҳонӣ раисҷумҳур тамоми тоҷиконро барои ҳифзи худ ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва ваҳдат фарохонд.
"...дар чунин шароити ҳассос ҳар яки мо бояд ба хотири пояндагиву бақои миллатамон ва устувории давлати соҳибистиқлоламон боз ҳам бештар сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, иродаи қавӣ дошта бошем ва манфиатҳои милливу давлатиамонро содиқона ҳимоя намоем",- таъкид кард ӯ.
Раҳмон: Дар зиндагиамон ҳанӯз мушкилоти зиёд дорем
Илова бар ин, сарвари давлат саъю кӯшиши шаҳрвандонеро, ки барои рушди кишвар, таҳкими сулҳ, ҳифзи сарҳади ҷумҳурӣ ва рушди давлат сарф мекунанд, қайд намуд.
Дар Тоҷикистон 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад.
Ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷумҳурӣ, ки соли 1997 ҳосил шуда буд, ёдовар мешавад.
Маҳз ҳамин санад ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома дошт, хотима гузошт.