ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Вазорати дифои Русия навори бозгашти 90 низомии рус аз асорати Украинаро нашр кард.
Қаблан вазорат хабар дода буд, ки дар натиҷаи музокирот 90 низомии рус, ки дар асорати Украина дар хатари марговар қарор доштанд, ба Русия баргардонида шуданд.
Дар навор интиқоли низомиён тавассути автобусҳо, таъмини онҳо бо ғизо, об ва либоси гарм дида мешавад.
Ба озодшудагон иҷоза дода шуд, ки бо оила ва дӯстони худ дар тамос шаванд, то хабари бозгашти худро ба хонаводаҳои худ расонанд.
Баъд аз бозгашт онҳо бояд дар муассисаҳои тиббии Вазорати дифои Русия табобат гирианд.
Бояд қайд кард, ки ба гуфтаи низомиёни украинӣ дар рӯзҳои ахир артиши ин кишвар дар ҷабҳаи шарқӣ ақибнишинӣ дорад.
"Мо мебинем: ҷангандаи F-16 нест, аслиҳаи кофӣ нест, Ҷабҳаи Шарқӣ ҳоло хароб мешавад, ақибнишинӣ дорем, мо мушоҳида дорем, ки бо сабаби норасоии лавозимоти ҷангӣ қариб дар тамоми хати ҷабҳа ноком шудаем" гуфт низмоии украинӣ.
Вай илова кард, ки артиши Русия дар давоми якуним-ду хафтаи наздик ба фишори чиддӣ даст мезананд.
Илова бар ӯ кишварҳои ғарбро дар мушкилоти Киев айбдор кард, зеро шарикони Украина кӯмаки ваъдагиашро хеле дер фиристоданд.