Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз тӯфони гарду ғубор

Ба иттилои обуҳавошиносон дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон бар асари тағйироти обуҳаво тӯфони гарду ғубор дар назар дошта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Рӯзҳои 28-30 июни соли равон дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва навоҳии шимолии вилояти Суғд бар асари тағйироти обу ҳаво тӯфони гарду ғубор дар назар дошта шудааст.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ҳамин иртибот КҲФ-и Тоҷикистон ба аҳолии кишвар муроҷиат мекунад, ки ба касоне, ки аз бемориҳои дилу раг ранҷ мекашанд ва ё гирифтори касалиҳои қанд мебошанд, диққат диҳанд.
Илова бар ин, КҲФ дар ин робита ба аҳолӣ тавсияҳои оддитарин барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар чунин ҳолатҳоро нашр кардааст.
Ҳушдори КҲФ аз боронгариҳои шадид ва хатари омадани сел, резиши санг
1.
Ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчанг суръати ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳҳӣ, саҳроҳои дом анфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст.
2.
Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.
3.
То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад.
4.
Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.
5.
Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.
Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд КҲФ тавсия додааст:
меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;
ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем;
агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.