ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Тасвиби созишнома бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз ҷониби Эрон ва Русия метавонад ба ҳаҷми муомилоти тиҷорӣ мусоидат кунад ва тиҷоратро 30-40 дарсад афзоиш диҳад, гуфт Меҳдӣ Сафарӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон дар мусоҳиба бо РИА “Новости”.
Ҳафтаи гузашта сухангӯи ҳукумати Эрон гуфта буд, ки ҳукумат лоиҳаи қонуни тиҷорати озод миёни Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба тасвиб расонд ва ба парлумон пешниҳод кардааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин як ҳафта пеш қонунро дар бораи тасвиби созишномаи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эронро ба имзо расонд.
"Русия ва Эрон созишнома бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро ба тасвиб расонданд ва ба назари ман, муомилот дар чаҳорчӯби ин созишнома то ба ҳол хуб рушд кардааст. Аммо пас аз ин тасвиб ман фикр мекунам, муомилоти тиҷоратӣ, миёни Эрону Русия ва ҳамчунин миёни Эрон ва дигар кишварҳои ИИАО 30-40 дарсад афзоиш хоҳад ёфт”, - гуфт Сафарӣ.
Созишнома миёни ҷонибҳо дар шаҳри Санкт-Петербург 25 декабри соли 2023 ба имзо расида буд.
Ҳадафи он соддагардонии тиҷорат байни кишварҳои ИИАО ва Эрон тавассути коҳиш ё аз байн бурдани монеаҳои таруфавӣ ва ғайритарувавӣ ва дастгирии ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мебошад.