ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон рӯзи 2-юми июл бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, сафари Шаҳбоз Шариф бо даъвати расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ду рӯз идома меёбад.
Қайд карда шудааст, ки ин нахустин сафари хориҷии Шаҳбоз Шариф пас аз интихоб шуданаш ба маснади сарвазирии Покистон мебошад.
Ҳамчунин таъкид карда шудааст, ки Шаҳбоз Шариф дар доираи ин сафар бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад.
Ёдоварӣ мекунем, ки Шаҳбоз Шариф, ки ҳукумати Покистонро аз апрели соли 2022 то августи 2023 роҳбарӣ мекард, дар моҳи марти соли равон бо гирифтани беш аз 200 раъйи вакилон дигарбора сарвазир интихоб шуд.
Ҳамчунин бояд қайд кард, ки моҳи декабри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон рафта буд ва бо Шаҳбоз Шариф дидору гуфтугӯ карда буд.