Додгоҳ ҳукми Файзов* яке аз омилони ҳамлаи террористӣ дар Крокусро бетағйир монд

Ҳукми Додгоҳи Басмании шаҳри Маскав дар бораи зодаи Тоҷикистон, ки дар ҳамлаи террористии дар Крокус айбдор мешавад, бетағйир монда, шикоят қонеъ нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Маскав тамдиди муҳлати ҳабси омили эҳтимолии ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл Муҳаммадсобир Файзов*-ро қонунӣ донист.
Дар ин бора хабарнигори РИА Новости хабар медиҳад.
Ин зодаи Тоҷикистон яке аз чаҳор муттаҳами аслӣ дар ин парванда аст, ки аз ҳукми пешинаи додгоҳ эътироз кард.

"Ҳукми додгоҳи Басмании шаҳри Маскав дар бораи Муҳаммадсобир Файзов* бетағйир монда, шикоят қонеъ нашудааст", - гуфт додрас.

Додгоҳи Басмании пойтахт дар нимаи моҳи май мӯҳлати ҳабси ӯро то 22 август тамдид кард.
Файзов* зодаи Тоҷикистон мебошад. Ӯ дар соли 2004 таваллуд шуда, дорои маълумоти миёна мебошад. Файзов дар Русия як сартарошхонаи шаҳри Иваново ба ҳайси сартарош кор мекард ва дар ҳамин шаҳр сабти ном шудааст.
Ҳамлаи террористӣ дар Крокус вазифаи мубориза бо терроризмро барои СПАД нав кард
Ӯ яке аз чаҳор омили эҳтимолии ҳамлаи террористии дар Крокус аст. Пеш аз ин, ҳеҷ яке аз онҳо дар бораи боздошт ва тамдиди он шикоят накардааст.
Дар робита ба ин қазия дар Маскав 12 нафар боздошт шуданд.

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус

Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Дар парвандаи Крокус аз 20 муттаҳам 18 нафар боздошт шуданд
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
* - Ба феҳристи террористон ва экстримистҳои Росфинмониторинг ворид шудааст.