ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V-уми варзишии кишварҳои БРИКС, ки рӯзҳои 12-23-юми июн дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Русия баргузор гардид, 20 медал ба даст оварданд.
Аз ҷумла варзишкорони тоҷик соҳиби 3 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки аз Тоҷикистон дар ин бозиҳо 110 варзишгар ширкат варзид.
Варзишкорони тоҷик дар мусобиқот аз рӯи 14 намуди варзиш ширкат варзиданд ва дар чаҳор ришта – гуштии камарбандӣ (9 медал). кураш (7 медал), самбо (3 медал) ва ҷудо (1 медал) ба даст оварданд.
Дар мусобиқот беш аз 4700 варзишгар аз 90 кишвари олам иштирок карданд. Варзишгарон аз рӯи 27 намуд барои 387 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд.
Аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо дастаи мунтахаби Русия бо касби 502 медал (262 тилло, 141 нуқра ва 99 биринҷӣ) дар мақоми аввал қарор гирифт.
Мақоми дувумро мунтахаби Беларус бо касби 247медал (55 тилло, 85 нуқра ва 107 биринҷӣ) ва дар мақоми севум мунтахаби Чин бо касби 62 медал (20 тилло, 24 нуқра ва 18 биринҷӣ) қарор гирифтанд.
Ба даҳгонаи аввал, инчунин Узбекистон, Бразилия, Эрон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Қазоқистон дохил шуданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 20 медал ҷойи 17-умро ишғол кард.
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон бо 20 медал дар ҷойи чаҳорум пас аз Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҷойгир шуд. Туркманистон дар ин бозиҳо ҳузур надошт.