Мақомоти Эрон ҳамлаҳои террористӣ дар Доғистонро маҳкум кард

Мақомоти Эрон терроризмро таҳдиди башарият донист ва ба Русия бинобар ҳалокати даҳҳо нафар дар як ҳамлаи террористӣ дар Доғистон изҳори ҳамдардӣ баён кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Носир Канонӣ ҳамлаҳои террористӣ дар Доғистонро маҳкум ва ба мардуми Русия изҳори ҳамдардӣ баён кард, иттилоъ додааст хабаргузории “РИА Новости”.
Ба гуфтаи оқои Канонӣ, Эрон ҳар навъи терроризмро таҳдиде барои башарият ва амнияти байналмилалӣ медонад ва бар зарурати тадобири ҷиддии ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо ин таҳдиди муштарак даъват менамояд.
Ҳамчунин намояндаи расмии вазорати умури хориҷӣ аз номи миллати Эрон ба ҳукумат, мардум ва оилаҳои қурбониёни ин ҳамлаи террористӣ изҳори ҳамдардии амиқ кард.
Изҳори ҳамдардии Раҳмон ба Путин
Ёдовар мешавем, ки аби 23 июн дар шаҳрҳои Дербент ва Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистони ҳамлаи маргбори террористӣ сурат гирифт.
Ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Русия афроди ношинос ба як каниса ва калисои Дербент ва ҳамчунин ба посгоҳи пулиси роҳ дар Махачқалъа ҳамла карданд.
Тибқи иттилои мақомот, дар пайи ин ҳамалот дастикам 17 нафар, аз ҷумла 15 афсари пулис кушта шуданд.