ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ин гурӯҳи ҳоҷиён дар ҳайати 165 нафар то рӯзи 25-уми май ба Арабистони Саудӣ рафта буданд ва давоми як моҳ маносики ҳаҷро адо карданд.
Тавре аз Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросим ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, бозгашти ҳоҷиён то 10-уми июли соли равон идома хоҳад ёфт.
Ба иттилои манбаъ имсол Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард.
Тибқи иттилои расмӣ соли равон беш аз 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон имсол барои адои маносики ҳаҷ сафар карданд.
Дар соли 2024 зойирини тоҷик барои адои маросими ҳаҷи фарзӣ нисбат ба соли 2023 камтар маблағ пардохт карданд. Арзиши он соли гузашта 59 ҳазор сомонӣ ва соли 2022 - 61 ҳазор сомониро ташкил дода, имсол ба 57 ҳазор сомонӣ баробар буд.
Ҳамчунин, чанде пеш хабар Кумитаи дин хабр дода буд, ки бино бар ҳавои гарм се нафар сокини кишвар дар Арабистони Саудӣ ҷон бохтанд.