ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Рақобатҳои навбатии UFC барои ду варзишкори тоҷик бо бурди Муин Ғафуров ва бохти Муҳаммад Наимов анҷом ёфт.
Набардҳои размикорони тоҷик шоми имрӯз 22 июн дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ доир шуд.
Ҳамин тариқ Муин Ғафуров бо Кюн Хо Кан аз Кореяи Ҷанубӣ вориди сабқат шуда, бо усули хоса шикаст дод.
Ин бурд ва набарди сеюми ӯ пас аз ду бохти пайиҳам дар ин созмон буд. Дар сурати мағлубият вай аз идомаи сабқатҳо маҳрум мегашт.
Дар корномаи варзишии Ғафуров ин 19-умин ғалаба дар баробари 6 бохт аст.
Қувваозмоиҳои шом барои варзишкори дигари тоҷик Муҳаммад Наимов ғайриинтизор ба поён расид.
Ҳарчанд ҳаводорон бурди ӯро сахт интизор буданд, аммо вай аз Фелипе Лимаи бразилӣ шикаст хӯрд.
Наимов дар рафти набард хуб ҳунарнамоӣ кард, аммо бо як иштибоҳ ба доми ҳариф афтоду бо усули буғӣ кардан бохт.
Ин аввалин бохти ӯ дар UFC пас аз се пирӯзии пайиҳам аст. Дар умум дар корномаи ӯ 11 бурд ва ҳамакнун се бох аст.