Шоми муҳорибаҳои омехта дар Риёз: Наимов ва Ғафуров вориди набардҳо мешаванд

Рақобатҳо соати 21:00 ба вақти Маскав оғоз шуда, набардҳои аввал миёни навкорон ва паз аз он нерӯсанҷиҳои асосии шом оғоз хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Шоми имрӯз 22 июн дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ мусобиқаи навбатии UFS доир мешавад, ки дар он ду размикори тоҷик вориди рақобатҳо мешаванд.
Муҳаммад Наимов муқобили Фелипе Лимаи бразилӣ ва Муин Ғафуров зидди Кюн Хо Кан аз Кореяи Ҷанубӣ вориди сабқат мешаванд.
Расонаҳои варзишӣ ҳадс мезананд, ки дар набардҳо Наимов ноком ва Ғафуров пирӯз мешавад. Аммо Наимов, ки то кунун се пирӯзии пайиҳам дар ин ташкилот дошт, мегӯяд чаҳорумашро низ бо бурд ба поён хоҳад расонид, зеро омодагии хуб дорад.
Наимов дар аввал мебоист бо Мелсик Багдасарян рақобат мекард, аммо пас аз он, ки вай захм бардошт UFC зуд барои размикори тоҷик бразилиро ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки Лимаи дар корномааш 13 рақобат 12 пирӯзӣ ва ҳамагӣ як бохт дорад.
Киберразмандаи тоҷик аз "Бозиҳои оянда" ва мулоқот бо президентҳо гуфт - видео
Размикори тоҷик то кунун дар ин ташкилоти бонуфуз се набард анҷом дод, ки ҳамаро бо пирӯзӣ ба поён расонид.
Муҳаммад Наимов охирин набарди худро дар мусобиқаи UFC дар Мехико моҳи феврали соли ҷорӣ доир кард, ки дар кутоҳтарин лаҳза варзишкор аз Венесуэла Эрик Силваро шикаст дод.
Қабл аз ин, ӯ дар UFC 294 дар шаҳри Абу-Даби бар размикори бритониёӣ Натаниэл Вуд (20-6) ғалаба карда буд.
Дар рақобати аввалинаш дар созмон Муҳаммад бар Ҷейми Малларки аз Австралия дастболо шуда буд.
Наимов 29 сол дорад ва ҳамакнун аз тоҷикони шинохта дар ин ташкилот аст.
Ин набарди сеюми ӯ пас аз ду бохти пайиҳам хоҳад буд.
Ҳарифи ӯ Кюн Хо Кан аз Кореяи Ҷанубӣ аст, ки 30 набард доир карда 19 бурд, 10 бохт ва як мусовӣ дорад.