ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон ба ҳамоҳангсозии наздики фаъолияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ равонанд.
Дар ин бора дар мулоқоти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон матраҳ шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Русия.
Суҳбати сарони вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД, ки дар Алмаато баргузор шуд, сурат гирифт.
Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ва вазъ дар Осиёи Марказиро баррасӣ карданд, гуфт вазорати хориҷаи Русия.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот онҳо "таваҷҷуҳ ба ҳамоҳангсозии зич фаъолияти бахшҳои сиёсати хориҷӣ"-ро таъйид ва дар бораи "ҷадвали тамосҳои минбаъда тавассути раҳбарияти онҳо" мувофиқа карданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви СПАД дар Алмаато бидуни ширкати Арарат Мирзоян, вазири умури хориҷии Арманистон дар пасманзари изҳороти нахуствазир Никол Пашинян дар мавриди хуруҷи ин кишвар аз СПАД, ки гуфт давлаташ аз созмон кадом вақте, ки ҳукумат зарур мешуморанд, мебарояд, баргузор шуд.