“Вируси муқимӣ”: Омодагиҳо ба мавсими хуруҷи табъи хунини Конго-Қрим

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз омодагиҳо ба ҷилавгирӣ аз густариши таби хунини Конго-Қрим хабар дод
Sputnik
Душанбе, 21 июн - Sputnik. Ин маризӣ дар Тоҷикистон ба қатори хатарноктарин маризиҳо дохил мешавад.
Наврӯз Ҷафаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба тамоми дармонгоҳҳо ва поликлиникаҳо дар шаҳру навоҳӣ дастури расмӣ шудааст, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд.
“Ҳамасола аз моҳи июн тадобир рӯи даст гирифта мешаванд, бахусус, духтурони дандон, ҷарроҳон, бемористонҳои сироятиву кӯмакҳои аввалияи тиббӣ – санитарӣ бояд дар ҳолати омодабош қарор гиранд ва бо дидани аввалин аломот ба сироятшинос муроҷиат кунанд”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Вай афзуд, баъзан ҳатто духтурон вақте мебинанд, хунравӣ аст, масалан, аз захми меъда, онро захми меъда арзёбӣ мекунанд, ки дуруст нест ва ташхиси дуруст дар чунин ҳолот хеле муҳим аст.
“Дар умум, ба хотири напарокандани вирус бояд ҳама таҳти қарантин қарор гиранд, ҳам бемор ва ҳам духтурон, ки бо бемор сарукор доранд”, - гуфт муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ.
Таби хунини Конго-Қрим як бемори уфунии ҳодди инсонӣ аст, ки соли 1946 бори аввал дар ҷазираи Қрим ва соли 1956 дар Конго пайдо шудааст, аммо дар илми тиб онро таби геморрагӣ ё табларзаи Осиёи Марказӣ низ унвон мекунанд.
Шарҳи вазорат дар бораи бемории хатарноки тоун дар Айнӣ: “Аз замони Искандари Мақдунӣ”
Наврӯз Ҷаъфаров гуфт, дар Тоҷикистон маъмулан табъи хунини Конго-Қрим интизор меравад дар моҳи июл дар манотиқе пайдо мешавад, ки дар онҳо аз қадимулайём канаҳои сироятёфта зиндагӣ мекунанд.
“Аз ҷумла дар навоҳии тобеи марказ - Рӯдакӣ, Шаҳринав, Турсунзода, Ҳисор то минтақаи Нуробод муқимӣ шудаанд. Дар вилояти Хатлон ба ҷуз ноҳияи Шӯробод, дар бақия навоҳии манотиқи Кӯлобу Қурғонтеппа вуҷуд доранд. Дар вилояти Суғд як маврид дар ноҳияи Панҷакент сабти ном шуда буд, дар бақия навоҳӣ на. Дар Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон ягон маврид сабт нашудааст, яъне ин қисмат макони гардиши канаи вирусдор нест”, - гуфт Наврӯз Ҷафаров.
Вай афзуд, ҳар сол мавориди гирифторӣ ба ин маризӣ ба қайд гирифта мешаванд, ба гунаи мисол, соли гузашта қариб 10 маврид дар Тоҷикистон сабт шуд, аммо касе нафавтид.
“Агар дар Афғонистон мавориди фавт 50% бошад, дар кишвари мо баландтарин фавт 20% буд, он ҳам ба он хотир ки мариз дер ба духтур муроҷиат карданд ё масъунияти бадани ӯ хеле паст буд. Соли гузашта касе нафавтид, ҳама шифо ёфтанд”, - гуфт ӯ.
Муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, вижагии ин маризӣ ин аст, ки аз кана мегузарад ва агар кана одамро газад ва ё одам гӯшти хоми ҳайвонеро хӯрад, ки онро кана газидааст, сироят меёбад.
Бемории сурхча: чаро моякӯбӣ аз ин маризӣ зарур аст
“Хунравии махсус дорад, аз бадан неву аз милки дандон, ҷои тазриқи сӯзандору, аз чашм имкони рафтан дорад. Дар таснифот ё квалификатсияи мо дар Тоҷикистон ба гуруҳи бемориҳои ниҳоят хавфнок дохил мешавад”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Вай афзуд, худи кана зарар намекунад, бал вирусе, ки аз насл ба наслаш мегузарад, зарар мекунад ва ин кана дар табиат вуҷуд дошта, бештар дар ҳайвонҳо ҷой мегираду тариқи онҳо паҳн мешавад ва барои он ки ба балоғат расаду рушд кунад ва ҳам барои бақояш тухм монад, ба хун эҳтиёҷ дорад, то тухмҳояш пухта расанд.
“Чорвои калону хурд, саг, харгӯш, ҳар ҳайвони ширхор ҳадафи он аст, чун барояш хуни онҳо зарур аст. Аз ҳайвонҳо фақат харгӯш ба маризӣ бо айни аломатҳое, ки дар инсон пайдо мешавад, гирифтор мешавад ва ҷобаҷо мемирад. Ба дигар ҳайвонот сироят мекунаду бемор намекунад. Чорвои калони шохдор, саг, ҳама намуди ҳайвонот бемор мешаванд, аммо харгӯш ҳассос аст”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Мавсуф мегӯяд, вақте инсон аз бадани ҳайвон канаро ба дасти луч меканад, хуншор мешавад ва он хун ба хуни инсон мепайвандад, ба ин маризӣ гирифтор хоҳад шуд.
“Рӯзи сеюм аввалин аломатҳо - дарди сар, таъби баланд, сиёҳшавии зери пӯсти ҷойҳое, ки лат хӯрдаанд ё сузандору хӯрдаанд - пайдо мешаванд. Дандонҳо ҷунбонак бошад, аз милкҳо хун меояд, рагҳои хунгарди чашм кафида, аз онҳо хун мешорад”, - гуфт муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ.
Дар Тоҷикистон наздики 1 млн кӯдакро зидди бемории хатарноке моякӯбӣ карданиянд
Вай ба шаҳрвандони Тоҷикистон маслиҳат медиҳад, ки барои ҷилавгирӣ аз густариши кана бояд молро пеш аз баровардан ба айлоқ ва ҳам пас аз бозгашти он, маконҳои нигаҳдорӣ – қутану огилҳоро бояд дезинфексия кунанд.
“Инсон, ки ба саҳро меравад, бояд тамоми аъзои бадани худро пӯшида нигоҳ дорад, масалан, куртаи остинкӯтоҳ напӯшад, то кана нагазад. Ва дар ҳоли газидани канаву аввалин нишонаҳо оҷил ба духтур муроҷиа кунад. Тамоми доруҳои зиддивирусӣ вуҷуд доранд ва онҳоро истифода барад”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар гузашта солона ҳудуди 15 нафар дар кишвар ба таби хунини Конго-Қрим гирифтор мешуданд, ки ба ҳисоби миёна ҳудуди 10% - и онҳо мефавтиданд, аммо тайи ду соли ахир ин рақам хеле пойин омада, соли гузашта теъдоди гирифторон 9 нафарро ташкил кард, ки ҳама сиҳат ёфтанд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо аз сабти 16 мавриди таби хунини Конго-Қрим дар вилояти Кундузи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон хабар доданд, ки ду мавриди он дар шифохонаи Антонии шаҳри Кундуз ба ҳалокат расидаанд.