ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Ханой ба хабарнигорон гуфт, ки Маскав ният дорад ба доктринаи ҳастаии худ тағйирот ворид намояд.
Вай ин иқдомро ба поин бурдани сатҳи истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар Ғарб рабт дорад,
“Мо ҳоло дар бораи он фикр мекунем, ки дар доктринаи ҳастаии худ чиро тағйир диҳем. Дар ҳар сурат, мо медонем, ки душмани эҳтимолӣ рӯи унсурҳои наве, ки бо паст кардани сатҳи истифодаи силоҳи ҳастаӣ рабт дорад, кор мекунад”, - гуфт раҳбари Русия.
Вай қайд кард, ки кишварҳои Ғарб дар ҳоли ҳозир ба сохти "бомбҳои ҳастаии камиқтидор"-даст задаанд.
Рӯзи 18 июн муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков изҳор дошт, ки кишвараш метавонад ба доктринаи ҳастаии худ дар робита ба нақшаҳои НАТО дар робита ба ҳолати омодагии ҷангӣ овардани нерӯҳои ҳастаӣ, тавзеҳот диҳад.
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ахиран дар мусоҳиба бо рӯзномаи “The Telegraph” гуфт, кишварҳои узви ин паймон зарурати ба ҳолати омодагии ҷангӣ овардани силоҳи ҳастаиро баррасӣ доранд.
Столтенберг дар ин мусоҳиба як вазъияти хатарнокро арзёбӣ кард, ки дар он "Русия, Чин ва Кореяи Шимолӣ дорои силоҳи ҳастаӣ ҳастанд, аммо НАТО надоранд."
Кремл гуфт, ки Путин ба изҳороти дабири кулли НАТО дар бораи силоҳи ҳастаӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад.