ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Вилояти Пензаи Русия содироти маҳсулоташро ба Тоҷикистон дар соли 2023 тақрибан се баробар афзоиш додааст ва омода аст ҳамкориҳоро густариш диҳад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Пенза хабар додааст.
Бояд қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир намояндагони вилояти Пенза бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд.
Ба иттилои манбаъ ахиран дар мулоқоти васеъ бо иштироки Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев, раиси вилоят Олег Мелниченко дурнамои ҳамкориҳои вилоятҳои Пенза ва вилояти Суғди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар он консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Русия Владимир Падалко низ ширкат доштанд.
"Маблағи содирот аз 787 млн рубл бештар аст, ки дар семоҳаи аввал ҳаҷми содирот дар муқоиса бо соли гузашта 3,5 маротиба афзоиш ёфтааст", - гуфт оқои Мелниченко.
Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки вилояти Пенза омодаи ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳои саноатӣ, тиҷорат, табодули илмию техникӣ, лоиҳаҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ ва рушди сайёҳӣ мебошад.