ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Хатлон ва як қатор ноҳияҳои кишвар суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки мавзӯи меҳварии суҳбат ҷамъоварии ҳосил буд.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гузоришҳои раиси вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат доир ба масъалаҳои ҷамъоварии муташаккилонаи ҳосили ғалладонагиҳо, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳолатҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла сӯхтор, суръат бахшидан ба кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани меваю сабзавот ва содироти он шуниданд шунид.
Раисҷумҳур ба роҳбарони ин манотиқ доир ба масоили зикршуда ва иҷроиши дастурҳои қаблан додашуда, вазифаҳои мушаххас додааст.
Ӯ ҳамчунин, аз раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои номбурда талаб намуданд, ки омодагӣ ба тирамоҳу зимистони дарпешистодаро бигиранд.
Бар асоси дастури раисҷумҳур онҳо муваззаф шудаанд, ки корҳои ободонӣ ва бунёду таъмири муассисаҳои таълимию тиббӣ дар деҳоти дурдаст, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави хониш, сафарбар намудани мардум ба ин корҳо ва ҳарчи бештар муҳайёсозии ҷойҳои кориро барои аҳолӣ вусъат диҳанд.