Ҳарифи навбатии Муҳаммад Наимов дар UFC иваз шуд: Ӯ кист?

Размикори тоҷик то кунун дар ин ташкилоти бонуфуз се набард анҷом дод, ки ҳамаро бо пирӯзӣ ба поён расонида, рақобаташ аз набардҳои асосии шом аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Ҳарифи размикори тоҷик Муҳаммад Наимов аз рақобат даст кашид.
Рақобати Наимов ва размикори арманӣ Мелсик Багдасарян мебоист рӯзи 22 июн дар шаҳри Риёз баргузор гардид, вале ҳарифи ӯ ба иллати ҷароҳат бардоштан аз мусобиқа даст кашид.
Зимнан, UFC зуд барои размикори тоҷик рақиби нав ёфт.
Ҳамакнун Наимов ба бо арманӣ балки бо Фелипе Лимаи бразилӣ рақобат мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки Лимаи дар корномааш 13 рақобат 12 пирӯзӣ ва ҳамагӣ як бохт дорад.
Размикори тоҷик то кунун дар ин ташкилоти бонуфуз се набард анҷом дод, ки ҳамаро бо пирӯзӣ ба поён расонид.
Киберразмандаи тоҷик аз "Бозиҳои оянда" ва мулоқот бо президентҳо гуфт - видео
Муҳаммад Наимов охирин набарди худро дар мусобиқаи UFC дар Мехико моҳи феврали соли ҷорӣ доир кард, ки дар кутоҳтарин лаҳза варзишкор аз Венесуэла Эрик Силваро шикаст дод.
Қабл аз ин, ӯ дар UFC 294 дар шаҳри Абу-Даби бар размикори бритониёӣ Натаниэл Вуд (20-6) ғалаба карда буд.
Дар рақобати аввалинаш дар созмон Муҳаммад бар Ҷейми Малларки аз Австралия дастболо шуда буд.
Наимов 29 сол дорад ва ҳамакнун аз тоҷикони шинохта дар ин ташкилот аст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамроҳ бо наимов 22 июн размикори дигари кишвар Муин Ғафуров низ рақобат дорад.
Ин набарди сеюми ӯ пас аз ду бохти пайиҳам хоҳад буд. Ҳарифи ӯ Кюн Хо Кан аз Кореяи Ҷанубӣ аст, ки 30 набард доир карда 19 бурд, 10 бохт ва як мусовӣ дорад.