Ҳушдори Ғанӣ ба толибон*: Сабру тоқати мардум бепоён нест

Раисҷумҳури гурезии Афғонистон дар паёми шодбодиаш ба толибон* ҳушдор дода ва гуфтааст, ки сабру тоқати мардум бепоён нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ахиран Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури фирории собиқи Афғонистон дар як паёми шодбошиаш аз сиёсати ҳукумати толибон интиқод кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ Ашраф Ғанӣ пешини Афғонистон дар паёми идиаш дар баргае X навиштааст: “Ҳама медонанд, ки афғонистониҳо ба таври возеҳу ошкор машруъияти низом ва ҳукумати қобили қабул барои ҳама мехоҳанд, аммо тарҷеҳ медиҳанд ин кор аз роҳи сулҳомез сурат гирад, тарафдори ҷанг ва хунрезӣ нестанд, зеро зарбулмасале доранд ки мегуяд: “гиреҳе, ки бо ангушт боз мешавад ниёз ба дандон ва мушт надорад”.
Ӯ дар идома навиштааст: “Аммо ин сабру тоқати мардум номаҳдуд нест ва нашавад, ки ин гиреҳро кӯр биёбанд ва барои боз кардан он худое нахоста ба дандону мушт мутавассил шаванд, ки ин роҳи вайронӣ ва табоҳии кишвар аст, ки дар ним қарни гузашта бо дарду ранҷ борҳо таҷриба шудааст”.
Ғанӣ: Раҳбарони толибҳо ба сарватмандтарин афроди Афғонистон табдил шудаанд
Вай ҳамчунон афзуда аст, ки ояндаи кишварро бояд аксарияти мардуми Афғонистон, ки иборат аз ҷавонону занон таъйин ҳал шавад ва масири ояндаи кишварро мушаххас созанд.
Ёдоварӣ мекунем , ки дар оғози моҳи августи соли 2021, толибон* юришҳои худро бар неруҳои давлати пешини Афғонистон ташдид карданд, дар натиҷа 15 август пас аз гурези Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури пешини Афғонистони ворид Кобул шуданд ва рӯзи баъд эълом карданд, ки ҷанг поён ёфтааст.
Дар ҷараёни ду ҳафтаи охири моҳи август, тахлияи дастаҷамъии шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонистониҳои ҳамкор бо онҳо аз фурудгоҳи Кобул, ки зери нигаҳбонии низомиёни амрикоӣ буд, сурат гирифт.
Дар шаби 31 август артиши Ииёлоти Муттаҳида фурудгоҳи кобулро тарк кард ва ба тақрибан 20 соли ҳузури низомии ИМА дар Афғонистон поён дод.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.