ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон Шаҳбоз Шарифро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон табрик гуфт.
"Пешвои миллат бо таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин ба муҳтарам Шаҳбоз Шариф, ба тамоми мардуми бародари Покистони дӯст сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоии ҳамешагӣ хостанд", - омадааст дар иттилоия.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ карданд.
Дар ин замина мавзӯи боздиди расмии дарпешистодаи сарвазири Покистон аз Тоҷикистон баррасӣ гардид, омадааст дар иттилоия.
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз раванди рушду тавсеаи бомароми муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар бар пояи усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимод ба ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳаммияти хоссаи идомаи муколамаи байнидавлатии ҷонибҳоро таъкид намудаст.
Дар фарҷоми суҳбат атрофи масъалаҳои алоҳидаи рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт, илова намуд дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.