Бомдоди рӯзи 16 июн садҳо сокини Тоҷикистон дар масоҷиди Душанбе, аз ҷумла масҷиди марказӣ намози иди Қурбоно адо карданд
Иди Қурбон дар баробари иди Рамазон яке аз идҳои асосии мусалмонони тамоми ҷаҳон мебошад, ки дар Тоҷикистон ба таври густурда таҷлил мегардад.
Одатан он аз намози идона оғоз гардида, сипас бо қурбонӣ кардану ба табрики ҳамдигар рафтан идома мекунад.
Дар иди Қурбон мусалмонони тавонманд чорвоеро қурбонӣ мекунанд. Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи Иди Рамазон фаро мерасад.
Таъкид мешавад, ки бар асоси фазилатҳои исломӣ, қурбонӣ кардан танҳо ба шахсоне воҷиб аст, ки имконияти мусоиди молиявӣ доранд ва дар масъалаи таъмини аҳли оилаи онҳо мушкилие вуҷуд надорад.
Дуову фотиҳа дар ҳаққи гузаштагон аз ҷумлаи фазилатҳои дигари иди Қурбон мебошанд.
Ҳамчунин мусалмонон баъди намоз одатан меҳмони ҳамдигар мешаванду идро шодбош мегӯянд.