ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар паёми шодбошиаш қайд кард, ки барои ҳалли мушкилот мақомот кор мекунаду заҳмат мекашад.
“Ватанамонро соҳибӣ мекунем, обод мекунем ва намегузорем, ки халқамон дастнигари дигарон шавад”, - таъкид кард кишвардори Тоҷикистон.
Ӯ ба хусус аз ҷавонон даъват кард, ки барои ояндаи давлат хонанд, донишманд шаванд, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дошта бошанд ва аз тоҷик буданашон ифтихор намоянд.
“Мо солҳои ниҳоят вазнини 90-уми асри гузаштаро, ки бо дахолати қувваҳои бадхоҳ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба сарамон омаданд, сипарӣ намудем, миллатамонро дигарбора соҳибӣ кардем, сарҷамъ намудем, давлатамонро аз нестӣ наҷот додем, яъне аз вазъияти бениҳоят сангин, шукр, ки баромадем”, гуфт ӯ.
Раҳбари Тоҷикистон илова кард, ки бояд чун ҳарвақта мардум заҳмат бикашанд, бахусус, ҳосили фаровони имсоларо беталаф ҷамъоварӣ намуда, кишти такрориро вусъат диҳанд.
“Ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва дар фикри захираи маводи ғизоӣ ва зиёд кардани содироти маҳсулот бошем”, - зикр кард Раҳмон.